вавв

КУХХОИ ТОҶИКИСТОН

93,3% фоизи масоҳати Тоҷикистонро куҳҳо ишғол менамоянд ки баландиашон аз 300 зиёд аз сатҳи баҳр мебошад. Қисми зиёди куҳҳои Тоҷикистон сангӣ буда дар онҳо боигариҳои табии бой аз ҷумла тилло, нуқра, ангишт, обҳои шифобахш ва ҳар гуна сангҳои қимматбаҳо мавҷуданд. Инчунин дигар тарафи бартарияти куҳҳои Тоҷикистон аз он иборат аст, ки онҳо хело зебоянд.

Кӯҳҳои Тоҷикистон сарчашмаи обҳои кишвар ва минтақаи Осиёи Миёнаро ташкил дода аз об шудани барфу пиряхҳои он дарёҳои минтақа аз доимо ҷоришванда мегарданд ва дар қатори онҳо дарёи Вахш, Сирдарё ва Панҷро номадар кардан ҷоиз аст. Инчунин куххои Точикистон барои тавлиди барқ аз энергияи обии дарёҳои кишвар сабаб ва замина мебошанд.
Умуман куххои Точикистон ба гуруҳҳои куҳҳои Тионшон ва Помиру-Олой тақсим мешаванд, ки баландиашон аз 300 то 7495 метрро ташкил медиҳанд.
Нисфи заминҳои Тоҷикистон аз 3000 метр баландар буда дар он гоҳ-гоҳ растаниву ҳайвонотро вохурдан мумкин. Баландтарин нуқтаҳои куҳҳои Тоҷикистонро қулли Исмоили Сомонӣ – 7495 метр (собиқ Комунизм) мебошад ва дар давлатҳои Осиёи Миёна аз ҳама баландтарин ҷой мебошад. Дигар нуги кӯҳи осмонхарош бо баландии қуллаи Абуалии Ибни Сино буда баландиаш 7 134 метр мебошад. Инчунин қулаҳои Корнижевскӣ бо баландии 7105 метр ва дигарон маълуманд.

Комментариев нет